Дар Турсунзода ба як оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ тақдим намуданд

Февраль 26, 2021 15:46

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба як оилаи ниёзманди  деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода Искандар Ҳасанов, ки  маъюби гурӯҳи 2 –юм  мебошад, манзили истиқоматӣ иборат аз се ҳуҷра тақдим гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдоми наҷиб дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони бо нангу номуси ҷамоати деҳоти Регар  роҳандозӣ гардид.

Аҳли оилаи Искандар Ҳасанов  ба Сарвар давлат ва дигар  шахсони масъул барои анҷоми чунин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуданд.

Мояи хушҳолист, ки солҳои охир  ин иқдоми нек —  таъмини оилаҳои ниёзманд ва маъюб бо манзили зист  меафзояд ва  расонидани  чунин кумак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана  медарояд.

Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи  иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.

Чанде пеш аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов як модари тоҷик Ситора Сафарова, ки соҳиби панҷ фарзанд мебошад, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардид.

Манзили истиқоматии Ситора Сафарова дар маркази шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҳусейнзода 10/1, хона навбунёди замонавӣ) ҷойгир буда, аз се ҳуҷра (130  метри мураббаъ) иборат аст, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор,  хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин  карда шудааст.


Дар ҷараёни тақдими хона соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки «ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд,  дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ибтикороти  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери  ғамхории доимии  Сарвари давлат қарор доранд».

Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10,  3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони  имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.

Февраль 26, 2021 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар