Дар Восеъ таҳти унвони «Даст ба даст» иқдом доир гардид

Февраль 12, 2021 09:13

 ВОСЕЪ,  12.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Бахшида  ба  ҷашни  30- солагии  Истиқлоли  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҷониби  бахши  Сабти  асноди  ҳолати  шаҳрвандии  ноҳияи Восеъ  таҳти  унвони  «Даст  ба  даст»  иқдом доир шуда,   аз  ҳисоби  соҳибкорон  ва  шахсони  саховатпеша  ба  50 нафар  кӯдакон  ба таври ройгон шаҳодатномаи  таваллуд дода  шуд. 

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин иқдом  намояндагони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия,  падару  модарон  ва  намояндагони  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот  иштирок  доштанд.

Бино  ба  иттилои  мудири  бахши Сабти  асноди  ҳолати  шаҳрвандии  ноҳияи Восеъ  Мавлуда Файзуллозода, «чунин  иқдом  дар  оянда  низ  дар  тамоми  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот  роҳандозӣ  гардида,  то  ҷашни  30-солагии  Истиқлоли давлатӣ  идома  меёбад.  Кормандони  бахш  айни  ҳол  дар  ҳар  ҷамоат  барои  пешгирии  бекоршавии ақди  никоҳ,  ҷалб  намудани  занон  ба  корҳои  ҷамъиятӣ  ва  дигар  мавзӯъҳои  мубрами  рӯз  бо  аҳолии  деҳот  вохӯрию суҳбатҳо  гузаронида  истодаанд.  Натиҷаи  ҳамин  аст,  ки  дар ноҳия бекор  кардани  ақди  никоҳ  нисбат  ба  соли  гузашта  30%  коҳиш  ёфта,  аксар  оилаҳои  дигар  аз  нав  барқарор  гардиданд».

Оид ба бақайдгирии саривақтии асноди ҳолати шаҳвандӣ дар моҳи январи соли 2021  503  сабти  таваллуд,  101  сабти  вафот,  134  сабти  никоҳ,  10  адад  сабти  бекор кардани  ақди  никоҳ,  123  сабти  муқаррар  намудани  падарӣ,  118  ҳолати барқароркунии таваллуд,  18   сабти  ивази  ному  насаб,  3  сабти  фарзандхонӣ  тартиб дода шудаанд.

Февраль 12, 2021 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад