Дар заминҳои бекорхобидаи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд картошка кишт карда шуд

Февраль 19, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин дар масоҳати қариб  0,5 га (50 сотих)-и заминҳои бекорхобидаи  Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинови вилояти Суғд картошка кишт карда шуд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки талаботи озуқавории Беморхонаи вилоятӣ дар фосилаи муайян бо «нони дуюм» таъмин гардад.

Дар ин бора аз мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аҳли заҳмати Беморхонаи клиникавии вилоят бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро амалӣ  намуда истодаанд. Дар мавсими имсола аллакай дар заминҳои бекорхобидаи беморхона ниҳолҳои ҳамешасабз, мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов шурӯъ аз 2 феврали соли 2021 ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт. Он давоми 10 моҳи қаблӣ чун госпитал баҳри мубориза бо бемории фарогири коронавирус муайян шуда, ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тиббӣ қариб 1 сол ба таври шабонарӯзӣ баҳри таъмини солимии аҳолӣ заҳмат кашиданд.

 

Февраль 19, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид