Дастаи «Истиқлол» бори шашум ғолиби Ҷоми ФФТ-2021 гардид

Февраль 22, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 20 феврал бозии финалии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бозии ҷолиб  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе   бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 90+4 Алексей Ларин ба ҳадаф расонид. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бори шашум ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон  гардид.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 насиби дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  шуданд. Дастаи шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ҷои сеюм  дастаи футболи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳар ду голи дастаи  ғолибро Диловаршоҳ Ғаниев  ба нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ФФТ маротибаи даҳум баргузор шуд. Дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе   қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ғолиби Ҷоми ФФТ шуда буд. Дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ду маротиба, дастаи  «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ва дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ якмаротибаӣ ҷомро ба даст овардаанд.

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ (2012-2021):

2012. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013. «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019. «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020. «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021. «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

Февраль 22, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод