«ДАСТАРХОНОРОӢ». Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ғолиби он шуданд
ЁВОН, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи «Ёвон»-и шаҳраки Ёвон бо иштироки намояндагони ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва якчанд ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ озмуни «Дастархонороӣ” баргузор гардид, ки мақсад аз он эҳё намудани таомҳои миллӣ ва бо истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.
Дар озмун ҳамаи иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ иштирок намуда, намунаҳои дастурхони миллиро ба маърази тамошо гузоштанд. Кадбонуҳои ҳунарманди ноҳия бо пешниҳоди дастархони пурнозу неъмат, ки аз қурутобу шакароб, ширбиринҷу ширкаду, шавлаи баширу гардсӯз, умочу рубич, чанголиву фатирмаска, навъҳои рангоранги маҳсулоти хамирӣ, аз қабили кулчаҳои хурду калони тӯйӣ, нони тунук, гирдача, фатир, фатири қаламагӣ, сатрӣ, тобагӣ, таҳмол, қалама, кулчақанд, орзуқ, чагалдак, чалпак, сузма, сала, самбӯсаи варақӣ, хӯришҳои мухталифи бомазза мураттаб гардида буд, дар эҳё намудани анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва сарфакорона оростани дастурхон ҳунари воло нишон доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода ба ҳунари ҳар иштирокчии озмун баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дастархонороӣ ҷузъи муҳими фарҳанги мо буда, чунин озмунҳо барои тавсеаи фарҳанги дастархондорӣ, сарфакоронаву моҳирона оростани хони тоҷикӣ, ба ҳаёти мустақилона омода шудани духтарон мусоидати фаъол менамояд. Ҳамзамон истифодаи маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ барои нигаҳдошти саломатии мардум бисёр нофеъ мебошад.
Комиссияи озмун ҳунари кадбонуҳоро баҳогузорӣ намуда, хулоса баровард, ки миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷойи 1-ум ба Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов, ҷойи 2-юм ба Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова ва ҷойи 3-юм ба Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх сазовор дониста шавад.
Инчунин миёни ташкилоту муассисаҳо ҷойи 1-ум ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия, ҷойи 2-юм ба Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ ва ҷойи 3-юм ба Литсейи касбии техникӣ сазовор дониста шуд.
Ғолибони озмун бо дипломҳою туҳфаҳои хотиравӣ ва ҳама иштирокчиёни озмун бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






