Директори МТС Хуршед Зиёӣ: 122 гузориши таҳлилию иттилоотӣ таҳия шуд, ки ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра равона гардидаанд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 кормандони Маркази татқиқоти стратегӣ 122 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуда буданд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз дошта, гуфт, ки соли 2020 Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ ва Маркази Дипломатияи Боздоранда (шаҳри Ашқобод) густариш дод.
Ҳоло Маркази татқиқоти стратегӣ узви Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, узви Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад.
Ба зикри Хуршед Зиёӣ, Шӯрои илмии МТС дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 13 доктори илм ва 4 номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳайати Шӯрои илмии марказ олимону мутахассисон аз дигар муассисаву ташкилот низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат буда, дар он натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Соли гузашта ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказ доир ба натиҷагирии корҳои илмию таҳқиқотии солона барои соли 2020 ва панҷсола барои солҳои 2016–2020 доир гардид.
Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода ва ирсол намуданд.
“Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳии «Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он»-ро дар шакли китоб таҳия намуда (дар ҳаҷми 80 саҳифа дар шакли электронӣ), ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ирсол намуд. Инчунин Марказ дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Матни шиору овезаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, барои истифодаи хизматии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нашр расонид»,-тазаккур дод Хуршед Зиёӣ.








Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?






