Донишкадаи физикӣ-техникии Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии ИДМ-ро соҳиб шуд

Февраль 1, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи физикӣ-техникии ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар бахши илмҳои физикӣ ва техникӣ касб намуд.

Тавре директори Донишкадаи физикӣ-техникӣ Фарҳод Шокир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин хусус Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ қарор қабул кардааст.

То ин замон, дар ИДМ ташкилоти заминавӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии фундаменталии табиӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле кам буданд, аз ҷумла, ягон ташкилоти заминавӣ дар соҳаи физика ва техника вуҷуд надошт. Танҳо 2 муассиса дар соҳаи физика ва технология мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ-ро соҳиб шуданд.

Мақоми ташкилоти заминавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ ба 86 пажӯҳишгоҳ, донишгоҳ ва дигар муассисаҳо дода шудааст ва ҳоло шумораи онҳо 88 ададро ташкил медиҳад.

Дар доираи мақоми худ Донишкадаи физикӣ-техникӣ ба омӯзиш, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, инчунин табодули иттилоот оид ба таҷриба, навовариҳо, таъминоти методӣ, расонидани кумаки илмӣ — методӣ, ташкилӣ, машваратӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба омӯзиш ва таълими илмҳои физикӣ ва физикӣ-техникӣ, гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ, ташкили конфронсҳои байналмилалии илмӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишгоҳҳо машғул мешавад.

Инчунин ташхиси лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие, ки барои қабул намудан дар доираи ИДМ баррасӣ мешаванд ва ба салоҳияти ташкилоти заминавӣ марбут мебошанд, таҳияи хулосаҳо ва тавсияҳои дахлдор оид ба ҳамоҳангсозӣ ва ҳамсонсозии санадҳои меъёрӣ, мубодилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ шомили вазифаҳои хидматии Донишкада мебошанд.

«Таҷрибаи ҳамкории илмӣ дар доираи ИДМ нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои самарабахши ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва такмили ихтисоси кадрҳо дар самти илмҳои фундаменталӣ ташкилоти заминавӣ мебошанд. Бинобар ин, дар ҷаласаи V Шӯро 21 феврали соли 2017 дар шаҳри Алмаато масъалаи ба яке аз муассисаҳои давлатҳои аъзои ИДМ додани мақоми ташкилоти заминавӣ дар соҳаи илмҳои фундаменталӣ баррасӣ шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки масъалаи ба Донишкадаи  физикӣ ва техникии ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон додани мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои физикӣ ва техникӣ баррасӣ карда шавад. 12 апрели соли 2018 Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳодро барои баррасӣ қабул кард ”, — хабар дод Фарҳод Шокир.

Февраль 1, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид