Эргаш Шоисматов: «Дар Ӯзбекистон барномаи густурдаи ислоҳоти минбаъда, ки ба натиҷаҳои мушаххас ва дақиқ нигаронида шудааст, изҳор гардид»

Февраль 25, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Брифинги Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва суханронии Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар Душанбе баргузор шуд.

Сафир зикр кард, ки соли гузашта ҳам барои Ӯзбекистон ва ҳам барои тамоми ҷаҳон воқеан душвор буд. «Пандемия, фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ ва хатарҳои ҷиддии иқтисодӣ пойдории роҳи рушди стратегии интихобнамудаи Президентро мавриди озмоиш қарор доданд», — иброз дошт ӯ ва илова кард, ки Ӯзбекистон на танҳо аз озмоишҳое, ки соли гузашта ба сараш омаданд, сарбаландона гузашт, балки ба якчанд  ғалабаҳои муҳим ноил гардид.

«Ҳамзамон Президент дар Паёми худ на танҳо натиҷаҳои корҳои иҷрошударо ҷамъбаст кард. Барномаи васеъмиқёси ислоҳоти минбаъда изҳор шуд, ки хусусияти фарқкунандаи он — тамаркузи он ба натиҷаҳои бисёр мушаххас ва бениҳоят дақиқ мебошад», — зикр кард Ш.Шоисматов.

Сафир инчунин ба журналистон дар бораи ташаббусҳои муҳими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) садо доданд, маълумот дод.

«Дар айни замон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дигаргуниҳои бунёдӣ сурат мегиранд. Дар муносибот байни давлатҳо фазои ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва эҳтиром эҷод шудааст. Мулоқоти машваратии мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дастоварди муштараки мо мебошад, ки ташаббуси баргузор намудани онҳо бори аввал дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод шуда буд”,-иқтибос овард суханони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов.

Ба мавзӯи Афғонистон дахл карда, Сафир иброз дошт, ки ин давлат ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Осиёи Марказӣ эътироф мешавад. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва дар ҳамкории зич умедҳои халқи афғонро метавон амалӣ кард. Муҳим ин аст, ки мутобиқи усули «аз ноустуворӣ ва харобкорӣ ба сӯи сулҳ ва бунёдкорӣ» амал карда шавад.

Сафири Ӯзбекистон аз суханҳои аз ҳама барҷастаи Президенти Ӯзбекистон дар бораи коронавирус, сиёсати гендерӣ ва меҳнати маҷбурӣ, фасод, камбизоатӣ, кишварҳои ҳамсоя ва иқлим иқтибосҳо овард.

 

Февраль 25, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд