Гулчеҳра Қоҳирова, директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ: «21 март астероиди азими эҳтимол хатарнок ба Замин наздик мешавад»
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Мутобиқи мушоҳидаҳо ва ҳисобҳои астрономҳо, моҳи марти соли равон астероиди 2001 FO32 ба Замин наздик мешавад. Олимон-астрофизикҳои тоҷик ҳаракати астероидро ҳангоми наздик шудани он ба Замин мушоҳида хоҳанд кард», — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои (АМИ) Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба гуфтаи вай, 21 март соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ астероид ба сайёраи мо то ҳадди баландтарин дар масофаи қариб 2 миллион километр наздик мешавад. Тавре ки мусоҳиб шарҳ дод, ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳ 5 маротиба зиёдтар аст. Аз соли 1900 то 2008 ин астероид 17 маротиба ба Замин наздик шудааст ва интизор меравад, ки наздикшавии ояндаи он соли 2032 сурат мегирад.
«Мутобиқи маълумоти байналмилалӣ, астероид эҳтимол хатарнок ва бузургтарин ҳисобида мешавад. Аммо масофаи нисбатан калони наздикшавӣ эҳтимоли бархӯрд бо астероидро ночиз мекунад ва он ба Замин хатари воқеӣ надорад», — гуфт роҳбари Пажӯҳишгоҳи астрофизика ва илова кард, ки астероиди 2001 FO32 21 марти соли 2001 дар расадхонаи Моунт-Леммон (Аризона, ИМА) кашф карда шудааст.
«Он ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ- Аполлонҳо мансуб аст ва яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб меравад, ҳаҷми он тақрибан 2 км мебошад. Астероид дар тӯли зиёда аз 2 соли заминӣ дар атрофи Офтоб як маротиба гардиш мекунад»,-иброз намуд Гулчеҳра Қоҳирова.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






