Хуршед Икромӣ: Дар хизматрасонии «Худро бисанҷ» то 40 фоизи саволу масъалаҳои тестии имтиҳонҳо ҷой дода шудаанд

Февраль 19, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хизматрасонии «Худро бисанҷ» тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест, шумора ва пайдарпайии ҷойгиршавии онҳо вобаста аз навъашон дар саволномаи тест ва меъёри холгузорӣ ба ҳолати воқеии ИМД мувофиқ кунонида шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии мазкур довталабон ва дигар хоҳишмандон имкон доранд дониши худро дар доираи имтиҳони қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) бисанҷанд. 

Дар ин бора директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Хуршед Икромӣ гуфт, ки барои ташвиқи бештари хонандагон ба донишандӯзию омодагӣ барои имтиҳонҳо эълон карда шуд, ки соли 2020 дар ҳар субтести имтиҳон то 40 фоизи саволу масъалаҳои тестии имтиҳонҳо аз маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тестии солҳои пеш истифода мешавад. Бо мақсади омодагӣ ба ИМД довталабон имкон доштанд, ки аз хизматрасонии «Худро бисанҷ», ки дар ҳолати бархат (онлайн) дастрас аст, истифода намоянд ва ба ин восита дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд, бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, бар замми ин, бо тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос шаванд. Омори истифода аз ин хизматрасонӣ низ нишон медиҳад, ки на ҳамаи довталабон аз он истифода мекунанд. Ҳол он ки ба ҳар як довталаб донистани тарзи иҷрои тест хеле муҳим аст, зеро ин имкон медиҳад, ки ӯ дар вақти имтиҳони воқеӣ ба хато роҳ надиҳад, бахусус тарзи дуруст пур кардани варақаи ҷавобҳоро донад.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки соли 2020 шумораи умумии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуд, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2019 2 ва нисбат ба соли 2018 5 адад зиёд гардид.

Ҳамчунин зимни нишаст иброз гардид, ки дар соли сипаригардида таҷрибаи нави Марказ- истифодаи кабинетҳои инфиродӣ, ки барои ҳар як довталаб баъди аз қайд гузаштанаш кушода шуд, яъне равиши нави барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ тавассути паёмак (SMS)  кори довталабонро хеле осон кард, зеро муроҷиатҳо дар мавзӯи барқарорсозии рамз кам гардид.

Ба гуфти Хуршед Икромӣ, бинобар вазъи ба амал омада дар робита ба пандемияи COVID-19 марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирӣ, ки солҳои пеш дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешуд, инчунин дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ баргузор карда шуд.

«Навгонии дигаре, ки бинобар вазъи баамаломада дар робита ба пандемияи COVID-19 дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ба роҳ монда шуд, ба довталабони дар ин марҳала номнависшаванда додани имкони интихоби макони имтиҳонсупорӣ дар яке аз шаҳрҳо- Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб буд, ки солҳои пеш ин гуна довталабон чунин имконият надоштанд. Шумораи умумии довталабони дар ду марҳалаи асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2020 дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ номнависшуда 100 398 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба ҳамин соли 2019  5624 нафар,  яъне 5,93 фоиз зиёд мебошад»,- иброз дошт мавсуф.

Февраль 19, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид