Ҳилолбӣ Қурбонзода: Дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда 19,2 фоизро занон ташкил медиҳанд

Февраль 17, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар зан ба мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар ба мансаби вазир ва 4 нафар ба вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Мурғоб, Левакант ва Муъминобод таъйин гардиданд. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 5718 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1098 (19,2%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,5%) 51 нафар зиёд аст.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ҳилолбӣ Қурбонзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, зикр кард, ки ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони вазорату идораҳо аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ва «Асосҳои ҳуқуқи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 70 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, барои занони дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои 25 нафар занони дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Менеҷменти нави давлатӣ” ва ғайра семинару курсҳои омӯзишӣ доир гардиданд.

Бо мақсади ҷалби бештари духтарон ба хизмати давлатӣ ва дигар сатҳҳои роҳбарикунанда дар назди Кумита курси 6-моҳаи омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон» барои 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу лаёқатманди макотиби олии мамлакат ба роҳ монда шуд.

Дар нишаст иброз карда шуд, ки дастгирии занон ва аъзои дигари хонавода, расонидани кумакҳои ройгони равонию ҳуқуқӣ яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумита мебошад.

«Дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (телефони боварӣ 13-13) 1919 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 1721 нафарро занон ва 192 нафарро мардон ташкил дода, масоили бештари муроҷиаткунандагон пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ ва ба танзим даровардани муноқишаҳои оилавӣ буд. Ба 1183 нафар машваратҳои равонию ҳуқуқии телефонӣ ва бо 736 нафар суҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом дода шуданд.  Муносибати 66 нафар аъзои хонавода баъди муноқишаҳои оилавӣ ба созиш дароварда шуда, бо 78 оила суҳбатҳои оилавӣ гузаронида шуданд»,-афзуд Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Тавре раиси Кумита тазаккур дод, новобаста аз вазъи коҳиши пошхӯрии оилаҳо бекор кардани ақди давлатии никоҳ ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Тибқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, соли 2020 қайди давлатии ақди никоҳ 67104 ҳолатро ташкил дода, қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ 10536 ҳолат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1946 ҳолат кам аст.

Февраль 17, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад