Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ муаррифӣ гардид

Февраль 12, 2021 16:26

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баррасии имконоти сармоягузорию соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико ҷаласаи кории маҷозӣ доир намуд.

Дар ҷаласа роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико  Фаррух Ҳамрализода,  Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико Филлип де Леон ва доираҳои бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистон ва Амрико, аз қабили «American Councils for International Education», «Boeing, General Electric», «Caterpillar», «Coca-Cola», «Comsup», «John Deer», «Medtronic», «Silverleafe», «Valmont», «VISA», «Zeppelin», «Xenophon Strategies», «Somon Air», «Tojik Air» сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри  ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо оид ба имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон-об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имконияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.

Директори иҷроияи Шӯрои мазкур Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ҳарду кишвар ташкил гарданд.

Февраль 12, 2021 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд