IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе ба роҳ монда шуд

Февраль 25, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бинобар зиёд будани тармафароӣ ва пуршиддат будани бориши барф ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Чанд лаҳза пеш баъди бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе оғоз гардид. Кормандони филиали ширкат ҷаҳд доранд, то давоми рӯз гузариши мошинҳо аз ҳарду ҷониб имконпазир шавад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300 000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд.

Роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.

Февраль 25, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид