Кӯлоб: Ғолибони Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар кошонаҳои ҳусн ба кор ҷалб мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали «Чакомаи гесӯ» ва Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор ва ҷамъбаст гардиданд. Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ороиш ва мӯйбофии қадима, ҳунари машшотаҳо ва бо ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф) бо либосҳои маҳал намош дода шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал масъулин иброз намуданд, ки дар шаҳру деҳот бунёди кошонаҳои ҳусн ба нақша гирифта шуда, барои дар оянда бо бо корманд таъмин намудани онҳо ин фестивалҳо мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи Фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор карда шуд. Дар робита ба он ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, ба 10 нафар ҷойи кор ва ба 60 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки фестивалҳои мазкур дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Баргузории ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.










Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид






