Кӯлоб: Ғолибони Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар кошонаҳои ҳусн ба кор ҷалб мегарданд

Февраль 22, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Фестивали «Чакомаи гесӯ»  ва Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор ва ҷамъбаст гардиданд. Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ороиш ва мӯйбофии қадима, ҳунари машшотаҳо ва бо ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф) бо либосҳои маҳал намош дода шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар фестивал масъулин иброз  намуданд, ки дар шаҳру деҳот бунёди кошонаҳои ҳусн ба нақша гирифта шуда, барои дар оянда бо   бо корманд таъмин намудани  онҳо ин фестивалҳо  мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи Фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор карда шуд. Дар робита ба он  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, ба 10 нафар ҷойи кор ва ба 60 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивалҳои мазкур дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Баргузории ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.

Февраль 22, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд