КМИР-и Тоҷикистон дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат эълон кард

Февраль 20, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи пеш аз муҳлат моҳи апрели соли 2021 дар ҳавзаҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич, Ҷалолиддин Балхӣ ва Вахш баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзномаи парлумонии «Садои Мардум» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Тоҷикистон 16 феврали соли 2021 дар бораи аз нав интихоб кардани вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати се вакили мардумӣ қарор қабул кард.

Интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ 18 апрели соли равон дар ҳавзаҳои якмандатии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта ваколатҳои се узви парлумон бинобар таъйин шудан ба вазифаҳои дигар қатъ гардиданд. Ҳамин тариқ, раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода — дар робита ба таъйин шудан ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ Ҳоким Холиқзода – дар робита ба таъйин шудан ба мансаби муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (баъдан ӯ раиси БМТ таъйин карда шуд) ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Вахш Бахтовар Сафарзода – дар робита ба таъйин шудан ба вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ваколатои худро қатъ карданд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид