Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба шаҳри Красноярск сафари корӣ намуд

Февраль 23, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 23.02. 2021. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 феврал Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим   ба шаҳри Красноярски Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбаргӣ БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни сафар мавсуф бо иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати робитаҳои берунаи Губернатори кишвари Красноясрк О.А. Тсарева ва роҳбари Намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар кишвари Красноярск А.А. Захаров мулоқот намуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо таҳкими муносибатҳоро дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск, инчунин масъалаҳои будубош ва баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Красноярскро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин бо Ректори Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибир Э.Ш. Акбулатов мулоқот баргузор гардид, ки зимни он масъалаи таҳсили донишҷӯён — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибир ва масъалаи ҷалби довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсили минбаъда дар донишгоҳи мазкур  мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Ҳамчунин 21 феврал мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим   бо шаҳрвандони бурунмарзӣ – роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат зикр шуд, ки бо вуҷуди пешрафтҳо дар самти пешгирию табобати бемории коронавируси нави COVID-19, ҳамоно риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ҳифзи саломатӣ аз ҳар шахс масъулияти хосса талаб мекунад. Аз ин лиҳоз риояи талабот, ки аз ҷониби соҳаи тандурустии кишвари иқомат пешниҳод мешавад, хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин дар идомаи вохӯрӣ  барои аз равияҳои ифротгароиву экстремистӣ дур будани ҷавонон ва  бедории ҳисси миллию дарки хештаншиносӣ маслиҳату машваратҳои судманд  пешниҳод гардиданд.

Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо ба хотири огоҳии бештар аз шароити кору зиндагии ҳамватанон  аз ҷониби   Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия   дар дигар шаҳру вилоятҳои ҳавзаи федералии Сибир дар назар аст.

Февраль 23, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид