Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ВМКБ дар ҳоли густариш қарор доранд
ХОРУҒ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 200,7 миллион сомонӣ оғоз ёфта, бо сабаби бемории ҳамагири КОВИД-19 татбиқи баъзе лоиҳаҳо каме ба таъхир афтод, ки дар даҳаи аввали соли равон ба итмом расонда мешаванд.
Сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Зикрихудо Самадов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, сохтмони пулҳои мошингузар, неругоҳҳои хурди барқӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, кишоварзӣ ва амсоли инҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки бештарашон то 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Яке аз дигар самтҳои фаъолияти Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ- ин рушди соҳаи соҳибкорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ мебошад. Зеро нақши бахши хусусӣ дар ғанисозии буҷаи давлатӣ калон аст. Сол аз сол теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораашон то имрӯз 3 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди соҳибкороне, ки бо патент фаъолият доранд, дар муқоиса ба як соли пеш 56 нафар ва онҳое, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд, 65 нафар зиёдтар аст. Бо афзудани шумораи соҳибкорон табиист, ки маблағи буҷа рӯ ба афзоиш мениҳад ва имконияти сармоягузорӣ ба соҳаи дигари иқтисодию иҷтимоӣ низ тавсеа меёбад”.
Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилоят гуфт, ки соли равон бо мақсади рушди соҳаи саноат чанд лоиҳаи сармоягузориро ба ширкатҳои давлатию хориҷӣ пешниҳод намуданд ва дар сурати амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ҳам мизони маҳсулоти дохилӣ афзоиш меёбад ва ҳам садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






