МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ тавр муайян кардан мумкин аст, ки кӣ интернети шуморо медуздад
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интернет — ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мост ва қатъ шудани иртибот метавонад на танҳо боиси нороҳатӣ, балки расонидани хисорот, хусусан барои онҳое, ки аз ноилоҷӣ ба таври фосилавӣ кор мекунанд, гардад. Агар шумо муайян кардед, ки суръати интернети шумо на ҳамеша мунтазам аст ва барои фаъол кардани саҳифаи нав аз вақти маъмулӣ дида, вақти зиёдтар лозим меояд, пас эҳтимол дорад, ки касе шабакаи шуморо истифода мебарад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора шарик ва директори ширкати россиягии «Захираи интеллектуалӣ» Павел Мясоедов ба агентии «Прайм» изҳор намудааст.
Барои истисно намудани чунин дуздӣ, коршинос тавсия додааст, ки барномаи махсусро, ки бо кумаки он аксари роутерҳои муосир танзим мешаванд, дар телефонҳо ва компютерҳои худ насб (бор) кунанд.
«Пас аз фаъол намудани чунин барнома ҳамаи дастгоҳҳои ба роутер пайвастшуда, инчунин маҷаллаи рӯйдодҳои вобаста ба онҳо дида мешаванд. Одӣ карда гӯем, шумо мебинед, ки кӣ ва кай аз тариқи шабакаи шумо ба интернет дохил шудааст. Дар бастаи барномаи мазкур ҳамеша дастурамал оид ба насб ва истифодаи роутер мавҷуд аст ”, — шарҳ дод Мясоедов.
Ҳамзамон вай зикр кард, ки роҳи аз ҳама боэътимод ва ҳамзамон содаи санҷиш ва муҳофизати шабакаи худ — гузоштани рамзи (пароли) мӯътамад барои пайвастшавӣ ба Wi-Fi мебошад.
АКС аз бойгонӣ








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






