МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ тавр муайян кардан мумкин аст, ки кӣ интернети шуморо медуздад

Февраль 5, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интернет — ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мост ва қатъ шудани иртибот метавонад на танҳо боиси нороҳатӣ, балки расонидани хисорот, хусусан барои онҳое, ки аз ноилоҷӣ ба таври фосилавӣ  кор мекунанд, гардад. Агар шумо муайян кардед, ки суръати интернети шумо на ҳамеша мунтазам аст ва барои фаъол кардани саҳифаи нав аз вақти маъмулӣ дида, вақти зиёдтар лозим меояд, пас эҳтимол дорад, ки касе шабакаи шуморо истифода мебарад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора шарик ва директори ширкати россиягии «Захираи интеллектуалӣ» Павел Мясоедов ба агентии «Прайм» изҳор намудааст. 

Барои истисно намудани чунин дуздӣ, коршинос тавсия додааст, ки барномаи махсусро, ки бо кумаки он аксари роутерҳои муосир танзим мешаванд, дар телефонҳо ва компютерҳои худ насб (бор) кунанд.

«Пас аз фаъол намудани чунин барнома ҳамаи дастгоҳҳои ба роутер пайвастшуда, инчунин маҷаллаи рӯйдодҳои вобаста ба онҳо дида мешаванд. Одӣ карда гӯем, шумо мебинед, ки кӣ ва кай аз тариқи шабакаи шумо ба интернет дохил шудааст. Дар бастаи барномаи мазкур ҳамеша дастурамал оид ба насб ва истифодаи роутер мавҷуд аст ”, — шарҳ дод Мясоедов.

Ҳамзамон вай зикр кард, ки роҳи аз ҳама боэътимод ва ҳамзамон содаи санҷиш ва муҳофизати шабакаи худ — гузоштани рамзи (пароли) мӯътамад барои пайвастшавӣ ба Wi-Fi мебошад.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 5, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад