Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов бар Куинси Лаваллеи амрикоӣ ғалаба кард

Февраль 1, 2021 16:13

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов рақиби худ Куинси Лаваллеро мағлуб кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  tajsport.1. Рақобат рӯзе пеш дар Майами баргузор шуд. Ҳамин тариқ, Сангинов унвони «WBA NABA»-ро дар вазни ниммиёна ба даст овард.

Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов, ки дар бокси касбӣ Квинси Лаваллеи амрикоиро мағлуб кард, қаҳрамони Амрикои Шимолӣ дар вазни ниммиёна (WBA North America Champion, NABA — North America Boxing Association) шуд.

Дар рақобати Сангинов ва Лавалле, ки дар Майамии иёлати Флоридаи Амрико баргузор шуда, ҳашт раунд давом кард, ҳар се довар якдилона муштзани тоҷикро ғолиб шумурданд: 77:74, 76:75, 76:75.

Ёдовар мешавем, ки Сангинов қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBC ва яке аз беҳтарин муштзанҳои Тоҷикистон мебошад.

Ӯ аз соли 2016 дар сатҳи касбӣ баромад мекунад. Моҳи сентябри соли 2017 ӯ қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBC миёни ҷавонон шуд.

Аз соли 2017 Сангинов раиси Федератсияи бокс дар Душанбе мебошад. Ба гуфтаи варзишгар, барои ӯ бокс на танҳо пирӯзӣ дар ринг аст.

«Ин имкони хубест барои пайдо кардани дӯстони нав ва васеъ кардани ҷаҳони шиносоӣ. Бокс ба саломатӣ кумак мекунад — ҳар рӯз машқ намуда, худро бисёр хуб ҳис мекунед. Ман ҳеҷ гоҳ хаста намешавам. Барои ман чизи асосӣ аҳамияти тарбиявии бокс аст», — гуфт ӯ.

Сангинов зикр кард, ки ин намуди варзиш дар инсон сифатҳое, аз қабили далерӣ, мардонагӣ ва ҷасоратро инкишоф медиҳад.

Моҳи сентябри соли 2019 Сангинов бо муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ рақобат баргузор кард, ки он бо қарори доварон мусовӣ анҷом ёфт.

Моҳи ноябри соли 2020 Меҳрубон Сангинов дар Флорида дар мусобиқаи M&R Boxing Promotions бар варзишгари амрикоӣ Клеотис Пендарвис бо нокаути техникӣ ғолиб омад.

Меҳрубон боксро аз 12-солагӣ оғоз карда, дар мусобиқаҳои маҳаллӣ ширкат варзидааст. Нахустин ҳунарнамоии ӯ берун аз Ватан дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Боку, ки ба ифтихори Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев соли 2011 баргузор шуда буд, доир гардид ва дар он мақоми 1-умро касб кард.

Меҳрубон Сангинов аз соли 2014 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, умедвор аст, ки дар рушди бокс дар Ватани худ саҳми назаррас мегузорад.

АКСҲО аз манобеи боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2021 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид