Натиҷаи аттестатсия дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонк: шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод шуданд

Февраль 1, 2021 14:48

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни  гузаронидани аттестатсияи кормандони сохторҳои молия, андоз,  гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бештар ба сатҳи дониши  касбию соҳавӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ  ва кор бо компютер афзалият дода шуд. Тибқи натиҷаи аттестатсия дар сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд.

Ин нуктаро Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон зикр намуд.

Мавсуф афзуд, ки аттестатсияи кормандони сохторҳои зикршуда дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 гузаронида шуда, дар натиҷа 7523 нафар кормандони сохторҳои мазкур аз аттестатсия гузаштанд.

Февраль 1, 2021 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад