Ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 35 ҳазору 826 тонна маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ содир кардааст
БОХТАР, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳун соли 2020 ба маблағи 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст.
Соли гузашта ноҳия зиёда аз 35 826 тонна маҳсулоти аълосифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ содир кард, ки ин 136% -и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, аз ҷумла 123 тонна лимӯ, 34000 тонна пиёз ва 59,8 тонна сабзавот.
Бояд зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун дар баробари парвариши пиёз, сабзӣ ва маҳсулоти полезӣ, дар парвариши лимӯ низ таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар айни замон дар шаҳракҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои парвариши меваҳои ситрусӣ дар майдони 135 гектар гармхонаҳо сохта шудаанд.
Имсол деҳқонони ноҳия 5050 тонна лимӯ ҷамоварӣ намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Шоҳ-2014» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Ҷайҳун мебошад ва зиёда аз 7 гектар замин дорад. Дар 4,5 гектари он боғҳо ва гармхонаҳо барои парвариши лимӯ ҷойгир шуданд ва дар боқимондаи он сабзавот парвариш карда мешавад.
Сардори хоҷагии деҳқонӣ Абдуғаффор Ҷабборов, ки 25 сол таҷрибаи кишоварзӣ дорад, гуфт, ки саҳмдорони хоҷагӣ асосан аъзои оилаи ӯ мебошанд. Ҳоло ӯ бо бародарзодаҳояш кор мекунад.
Хоҷагӣ чор гармхона дорад, ки масоҳаташон тақрибан 1,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар онҳо лимӯ парвариш карда мешавад. Растаниҳо дар соли сеюм аллакай ҳосил медиҳанд. Аз ҳар дарахт то 50 кг ҳосил ба даст овардан мумкин аст.
Ба гуфтаи Абдуғаффор Ҷабборов, имсол ҳосили онҳо хуб буд, ҳар килои лимӯро ба маблағи 7 сомонӣ фурӯхтанд.
Хоҷагидорон инчунин ниҳолҳои лимӯро барои фурӯш парвариш мекунанд ва аз ин даромади хуб ба даст меоранд. Дар айни замон ниҳолҳо дар се гармхонаи муваққатӣ парвариш мешаванд. Як дона ниҳол бо нархи 40 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Онҳо ният доранд, ки дар ояндаи наздик шумораи гармхонаҳои лимӯро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳм бигузоранд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






