ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Февраль 24, 2021 08:05

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва  тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят бориши борон ва барф  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона  3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3+5 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 24, 2021 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад