ҚОИДАҲО ДАР «ДЕҲАИ ОЛИМПӢ»: ОҒӮШГИРӢ ВА ДАСТФИШОНӢ МАНЪ АСТ. Ё худ варзишгарон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бояд чӣ гуна рафтор кунанд?

Февраль 21, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба варзишгарон ҳушдор дода шудааст, ки сатҳи ҷашнигирии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020-ро дар робита ба пешгирии сироятёбӣ ба COVID-19 кам кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Дар «Дастури қоидаҳо» барои варзишгарон ва намояндагони расмии ҳайатҳои олимпӣ, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Токио-2020 нашр кардаанд, аз иштирокчиён даъват карда шудааст, ки роҳҳои дигари ҷашнгириро ҳангоми бозиҳо пайдо намоянд.

Варзишгароне, ки натиҷаи ташхисашон ба короновирус мусбат баромад, дар мусобиқаҳо иштирок карда наметавонанд ва онҳо мумкин аст дар ҷойҳои махсус, ки ҳукумат тасдиқ кардааст, нигоҳ дошта шаванд.

Касоне, ки бо нафароне, ки ташхисашон мусбат баромад, иртиботи наздик доштанд, ба мусобиқаҳо дар ҳоле роҳ дода мешаванд, агар натиҷаи ташхисашон манфӣ бошад.

Мисли қоидаҳои дигар дастурҳо, ки қаблан барои намояндагони федератсияҳои байналмилалӣ, кормандони техникӣ ва хабарнигорону наворбардорон нашр шуда буд, риояи накардани такрории қоидаҳо, новобаста ба он ки эмгузаронӣ шудааст ё не, мумкин аст боиси ихроҷ кардан аз бозиҳо гардад.

Варзишгароне ки пеш аз бозиҳо ба лагерҳои тамринӣ ҷалб мешаванд, такроран се рӯз қабл аз ворид шудан ба Деҳаи олимпӣ аз ташхис мегузаранд ва агар натиҷа мусбат бошад, он варзишгар ба Деҳаи олимпӣ роҳ дода намешавад.

Тавре ноиби президенти КБО Ҷон Коутс ҳафтаи гузашта тасдиқ карда буд, варзишгарон дар чор рӯз як маротиба аз ташхиси COVID-19 мегузаранд.

“Агар натиҷаи ташхиси шумо ба коронавирус мусбат бошад, аз шумо талаб карда мешавад, ки ё дар муҳосира бимонед, ё ба беморхона интиқол дода мешавед. Ба шумо иштирок кардан дар мусобиқа иҷозат дода намешавад”, — омадааст дар дастури қоидаҳо барои варзишгарон ва намояндагони расмӣ.

Бисёр қоидаҳое, ки дар дастурҳои қаблӣ нашр шуда буд, барои варзишгарон низ пешбинӣ шудааст, мисли хонапурӣ кардани нақшаи фаъолияти 14-рӯза, ба таври ҳатмӣ пӯшидани ниқоб (ба ғайр аз ҳолатҳои тамрин, мусобиқа, вақти хӯрдани ғизо ва хоб), манъ кардани оғӯшгирӣ, дастафшонӣ, инчунин нарафтан ба минтақаҳои сайёҳӣ, мисли қаҳвахона ва тарабхонаҳо.

Вале огоҳ карда шудааст, ки варзишгарон ва намояндагони расмии дастаҳо барои иҷрои қоидаҳо масъулияти иловагӣ доранд.

Дар дастури қоидаҳо таъкид шудааст: «Муҳим аст, ки шумо барои нақшаи худ масъулияти шахсиро ба дӯш гиред. Шумо ҳамчун варзишгар ва масъулини даста меъёрро муқаррар мекунед. Мо боварӣ дорем, ки чораҳои андешидашуда ҳама гуна хатарҳо ва таъсирҳои марбут ба иштирок дар бозиҳоро коҳиш медиҳанд ва мо ба дастгирии шумо комилан умедворем. Аммо, сарфи назар аз ҳама ғамхориҳо, хавфҳо ва таъсирот метавонанд пурра бартараф карда нашаванд ва аз ин рӯ шумо розӣ шудед, ки ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ таваккалӣ иштирок намоед».

Китоби бозӣ дастурҳои қаблан тасдиқшудаи «давраи будубош»-ро такрор мекунад, ки ба варзишгарон гуфта мешавад, онҳо на дертар аз панҷ рӯз пеш аз баргузории мусобиқаҳояшон ба «Деҳаи олимпӣ» ҳозир шаванд ва ҳадди аксар пас аз ду рӯзи анҷоми мусобиқа онро тарк намоянд.

Варзишгарон бояд танҳо барои иҷрои чорабиниҳои дар нақшаи фаъолияти 14-рӯза қайдшуда аз деҳа берун раванд.

Варзишгарон ва намояндагони расмии ҳайатҳо, инчунин «бе иҷозат» аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешаванд, вале онҳо барои сафар ба ҷойҳои дур, агар имконоти дигаре дастрас набошад, метавонанд аз ҳавопаймо ва қатораҳо истифода баранд.

Ин қоида ҳангоми сафар ба лагерҳои тамринии пеш аз бозиҳо татбиқ карда мешавад, ки дар он ҷо онҳо танҳо барои боздид аз ҷойҳои тамрин ва манзили зисташон иҷозат дода мешаванд.

Ҳарорати бадани варзишгарон дар ҳама маконҳо санҷида мешавад, дар он ҷойҳое, ки риояи фосилаи иҷтимоӣ ғайриимкон аст, дигар чораҳои зиддиэпидемиявӣ амалӣ карда мешаванд.

Дастури қоидаҳоро бо забони англисӣ аз ин ҷо боргирӣ кунед.

Февраль 21, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ