Омӯзгорони ДАТ ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар соҳиби сертификати байналмилалии Донишгоҳи Гент гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» /МД РССК/ рушди асосҳои институтсионалӣ ҷузъҳои хеле муҳими сохтори институтсионалӣ ва базаи донишҳои таълимиро, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ муҳиманд, дар доираи татбиқи лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ тақвият мебахшад. Ин нуктаро имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон муовини директори МД РССК Ҳусейн Каримов зикр намуд.
Мавсуф афзуд, ки дар доираи зерқисмат оид ба дастгирии такмилдиҳии барномаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи кишоварзӣ МД РССК бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия шартнома ба имзо расонидааст. Лоиҳа Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва ду коллеҷи аграриро дар самти такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Гент — ҳамшарики Ғарб, инчунин таҳияи барномаҳои нави таълимӣ дастгирӣ менамояд. Дар доираи амалишавии ин барнома ба Донишгоҳи Гент се сафари корӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Бохтар ташкил карда шуд. Омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар дар давраҳои омӯзишии барномаҳои нави таълимии интихобшуда иштирок карда, соҳиби сертификати байналмиллалии Донишгоҳи Гент гардиданд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи ин фаъолият дар асоси ҳисоботи худбаҳодиҳии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия барномаҳои нави таълимӣ интихоб шуданд. Аз ҷумла, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои ихтисосҳои «Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ», Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар барои ихтисоси «Агрономия» ва Коллеҷи аграрии ноҳияи Мастчоҳ барои ихтисоси «Бойторӣ». Баъди интихоб шудани барномаҳои нав аз тарафи Донишгоҳи Гент рӯйхати таҷҳизоти лабораторӣ тавсия карда шуд. Айни ҳол харидани ин таҷҳизот барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Бохтар дар системаи STEP– и Бонки ҷаҳонӣ ворид гашта, дар ҳолати мувофиқа қарор дорад.
Ҳусейн Каримов афзуд, ки Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд бо мақсади дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тӯли солҳои охир таҳия гардидааст. Лоиҳа барои дастгирии тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ равона шуда, ба татбиқи Барномаи ҳамаҷонибаи ислоҳоти аграрӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо ҳамчун асос барои ислоҳот ва сармоягузориҳои оянда таҳия шудааст, мусоидат мекунад.
Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» — дар ҳаҷми 13 756 980 доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодааст, ки аз ҷумла 13 006 980 доллари амрикоӣ аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 750 000 доллари амрикоӣ саҳми бевоситаи гурӯҳҳои фермериро ташкил медиҳад.
Баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ ва маҳсулоти агроистеҳсолӣ бо роҳи беҳтар намудани ҳамкории самараноки иштирокчиёни занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти муайян дар сатҳи деҳот таввасути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва тақвияти иқтидори институтсионалӣ аз ҳадафҳои Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки МД РСССК дар доираи қисматҳои такмили донишҳои техникӣ ва малакаҳо барои дастгирии раванди тиҷоратикунонӣ, грантҳо барои ҳадафҳои тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва идоракунонии Лоиҳа фаъолият менамояд.








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






