Ориф Хоҷазода: Ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ ба кам шудани қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин мусоидат менамояд

Февраль 5, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, соли 2020 ҳамагӣ 11 ҳазору 798 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 9 ҳазору 42 ҳолати қонуншиканӣ дар маҳал бартараф карда шуд. Чунин гуфт Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Дар ин замина таъкид кардан ба маврид аст, ки Кумитаи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар маҷмӯъ 1854 маротиба дар маҳалҳо ҷараёни риояи қонунгузории заминро мавриди санҷиш қарор дод. Чунин ҳамкорӣ ба нисбатан кам шудани қонуншиканиҳо ва сари вақт бартараф намудани он дар самти истифодаи замин мусоидат менамояд.

Вобаста ба ҳуҷҷатгузории ғайриқонунии заминҳо Раиси Кумита зикр кард, ки ин ҳақиқати талх аст ва афзуд, ки  дар ҳақиқат қонуншиканӣ дар ин самт зиёд аст. Соли сипаригардида 870 ҳолат ба қайд гирифта шуд,  ки ин нисбат ба  соли 2019 зиёд мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009-2020 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30933, 63 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ ба ҳолати 1 январи соли равон майдони 22006, 81 гектар ба 236746 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шуд, ки 57 фоизи шумораи умумии оилаҳои эҳтиёҷмандро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин самт корҳои муайяне ба сомон мерасонад.

Февраль 5, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд