Осорхонаи миллӣ соли 2021 реҷаи нави корӣ ҷорӣ намуда, акнун ҳамарӯза тамошои он имконпазир гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврали соли равон реҷаи кории Осорхонаи миллии Тоҷикистон тағйир ёфта, вуруд ва тамошои он ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 имконпазир гардидааст. Аз ин пеш Осорхонаи миллӣ рӯзҳои душанбе фаъолият накарда, реҷаи кории он аз рӯзи сешанбе то шанбе, аз соати 10:00 то 17:00 ба роҳ монда шуда буд. Осорхонаи миллӣ дар рӯзҳои якшанбе аз соати 11:00 то 16:00 фаъолият мекард.
Аз ҷониби роҳбарият ҷадвали фаъолияти муассиса таҷдиди назар шуда, тамоми шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷии мамлакат, аз ҷумла кормандони вазорату идора, кумитаву муассисаи давлатӣ, инчунин сафорату ташкилоту созмонҳои хориҷии дар мамлакат амалкунанда метавонанд тибқи реҷаи нави корӣ ба тамошои Осорхонаи миллӣ раванд.
Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гардиши нигораҳои фонд имрӯз роҳрав ва толорҳои намоишӣ аз ҳисоби экспонатҳои нодири фонди муассиса, аз ҷумла мусаввараҳо, пайкара ва нимпайкараҳо, сиккаҳо, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, хушнависӣ, ашёи сафоливу мисӣ (офтоба, кӯза, лаълӣ), хунарҳои мардумӣ (сӯзанӣ, рӯйҷо, болинпӯш) бозёфтҳои бостоншиносии тиллоӣ (сикка, гӯшвора), инчунин бозёфтҳои ёдгории Саразми бостон мукаммал гардидаанд.
Тамошобинон метавонанд тавассути тамошои нигораҳои дар сатҳи баланди касбӣ пурранамудаи роҳбарият ва кормандони илмӣ, инчунин ба роҳ мондани сайрҳои осорхонавии роҳбаладони муассиса бо бозёфтҳою ёдгориҳои таърихӣ ва осори арзишманди ниёгонамон аз наздик шинос шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи хурдсолону калонсолон табдил ёфтааст.
Осорхона маконест, ки мероси таърихию фарҳангиро дар худ нигоҳ дошта, баёнгари таърихи гузашта ва имрӯза буда, дар ҳаёти фарҳангии ҳар давлат нақши муҳим мебозад. Осорхонаҳо аз азал ҷойи дӯстдоштаи одамон ба шумор мерафтанд, чунки ҳамеша муҳити «интихоби озод» — ро барои тамошобинон пешниҳод менамоянд.
Тавассути тамошои нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон тамошобинон метавонанд бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик шинос шуда, савияи дониши таърихии худро баланд бардоранд ва ба ин васила худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллии хешро тақвият бахшанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






