«Паём раҳнамои мост», «Манфиати халқ бояд дар мадди аввал бошад»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Февраль 12, 2021 11:07

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ нашр намудаанд.

Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар шумораи №29 , сешанбе, 9 феврали соли равон таҳти унвонҳои «Паём- дурнамои рушди кишвар», «Касбият аз миён рафтааст», «Танзими барқ зиндагиро сафо мебахшад», «Баландахтар» мавод ва дигар хабарҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро интишор намудааст.

Инчунин дар шумораи № 30, чоршанбе, 10 феврали соли равон мақолаҳо оид ба «САДА- ҷашни мулуки номдор аст», «Хадамоти давлатии оташнишонӣ: аз ҳодиса то воқеият», «Балҷувон рӯ ба рушд аст» ва дигар  хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.

 «Садои мардум» -нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи № 19(4281), панҷшанбе, 11 феврали соли 2021 аз мулоқоти Илёс Идрисзода бо Сергей Поспелов хабар дода, мақолаҳои «Ташаббусҳои бунёдии Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, «Вазъи бозори меҳнат дар давраи пандемия муътадил буд» ва дигар хабару гузоришҳоро аз нишастҳои матбуотӣ  нашр намудааст.

Дар саҳифаи 1 ва 3-и нашрияи мазкур мақолаи «Ташаббусҳои бунёдии Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ» нашр шудааст, ки муаллифони он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ Ҷамшед Муртазозода ва Гулбаҳор Назирӣ мебошанд. Муаллифон навиштаанд, ки «ҳоло Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ ва заҳматҳои доимии Пешвои миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳифзи ёдгориҳои бою ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, имконияти васеи рушди сайёҳӣ, варзиш ва кӯҳнавардӣ ва дигар сарватҳое, ки хоси сарзамини мост, бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ роҳандозии имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ, ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дигар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда мешаванд».

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 10 феврали соли 2021, чоршанбе, №6(1300) мавод оид ба сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Манфиати халқ бояд дар мадди аввал бошад», «Муваффақиятҳо ҳастанд, камбудиҳо низ», «Мо ба зону намезанем», «Паём- раҳнамои мост», «Номвар» матолиб ва дигар хабару гузоришҳои ҳафтаи сипаригардида мунташир шудаанд.

Дар мақолаи «Паём- раҳнамои мост», ки муаллифаш Зулфия Ахмедова мебошад, зикр шудааст, ки «ҳамчун омӯзгор ва шаҳрванди ин давлати соҳибистиқлол пурра дарк намудам, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастурамали зиндагӣ ба самти таҳкими оромиву субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарбаландона даст ёфтан ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии дарпешгузошташуда, дастгирӣ аз соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим ва боло рафтани тавоноӣ ва обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нигаронида шудааст… Ба ҳаёти осоишта, ба якпорчагии Ватани маҳбуб, ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ба Президенти ташаббускору хирадманду тавоно шукрона карда, баҳри рушди минбаъдаи кишвар ҳар фард зери сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд саҳмгузор бошад».

«Народная газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  № 6 (20287), 10 феврали соли 2021 таҳти унвонҳои «Продолжение рабочей поездки Главы государства в Согдийскую область», «Антитеррористическая и антикоррупционная составляющие Послания Президента Таджикистана», «Народная газета» и Агентство лесного хозяйства поддержали акцию «Зеленый город», инчунин дигар қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакатро чоп намудааст.

Ҳамзамон нашрияи расмии «Народная газета» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат мунташир намудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2021 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд