Пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифа дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид

Февраль 1, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд судя ҳангоми таъйин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намояд.

Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,  гуфта шуд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода шарҳ дод.

«Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат таҳия гардидааст»,-афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии номбаршуда барои иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур аз 15 қисм иборат мебошад. Моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мегардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудааст. Инчунин дар моддаи 18 (бозхонд ва озод намудани судя) номгузорӣ шудааст, сархати панҷум “бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат” хориҷ гардида, сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум илова карда мешаванд, ки минбаъд судяе, ки нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд, асос барои озод намудани судя аз вазифа мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки аз лоиҳа қисми 7 хориҷ гардид, ки он масъалаи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 46 (ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) номи модда мебошад, пешбинӣ менамуд. Дар қисми 1 моддаи 46 Қонуни конститутсионии амалкунанда  ба таври мушаххас навишта шудааст, ки Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, дар таҳрир нав ифода намудани он мувофиқи мақсад намебошад.

Тибқи моддаи 2 лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода мешавад.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба моддаҳои 14, 19, 20 ва боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии санади мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рстам Латифзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи ниҳолҳо бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия шудааст.

Дар лоиҳа хориҷ намудани сархатҳои нуҳуми моддаи 1 «ниҳолҳои сертификатсияшуда ниҳолҳое, ки мутобиқатии онҳоро ба аломат ва хусусияти навъ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ тасдиқ намудааст» ва сездаҳуми моддаи 6 «таъмини назорати сифати ниҳолҳои сертификатсияшуда» пешбинӣ гардидааст.

Азбаски тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, масъалаҳои сертификатсияи тухмӣ ва таъмини назорати сифати ниҳолҳои серитфикатсияшуда ба ваколатҳои Кумитаи мазкур вогузор гардидааст.

Лоиҳаи таҳиягардида имкон медиҳад, ки пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни мазкур ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва мақоми ваколатдор дар соҳаи назорату сертификатсияи ниҳолҳо мушаххас ва меъёрҳои Қонун дар амалия татбиқ карда шаванд.

Февраль 1, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд