Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд

Февраль 18, 2021 12:03

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай  Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо як саду ҳафтоду ҳашт кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо онҳо дар сиғаи дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ  фаъолона пеш мебарад.

Президенти мамлакат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Фаронса, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Италия, Маҷористон ва Ҷумҳурии Хорватия, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи сайёра андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст. Таъкид гардид, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Қабули эътимодномаҳо аз 6 сафири нав 18.02.2021

Февраль 18, 2021 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд