Раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА бо Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот кард

Февраль 17, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) Султон Раҳимзод ва Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Усома Маккави Когалӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ФБНА хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузории чорабинии қабл аз конфронс дар мавзӯи «Об ва ҷавонон» дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии об, инчунин таъмини иштироки кӯдакон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз рӯзи аввали (26 марти с.1993) таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ҳамчун кишвари ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. Қобили зикр аст, ки аз ибтидо мақсад аз таъсис додани ФБНА, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд, ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки таъсисдиҳандагони ФБНА кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Кумитаи иҷроияи ФБНА дар асоси ивазшавӣ фаъолият намуда, роҳбарӣ дар ФБНА аз як кишвар ба дигар мегузарад.

Тоҷикистон раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Аралро барои солҳои 2020-2023 қабул кард. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани раёсати Фонди мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти 2020 тасдиқ гардид. Аз моҳи октябри 2020 Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур фаъолияти худро оғоз намуд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо кишварҳои узви Фонд намояндаи кишвари мо Султон Раҳимзода ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроия таъйин шуд.

АКС аз Кумитаи иҷроияи ФБНА

Февраль 17, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид