Роҳи мошингарди мавзеи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма роҳи мошингард дар мавзеи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон дар масофаи 3,5 км ва бо паҳноии 12 метр таҷдиду навсозӣ мегардад. Дар асоси лоиҳаи мазкур бунёди 3 адад долонҳои зидди тарма бо дарозии 670 метр (долони якум – 390 м, долони дуюм 100 м. ва долони сеюм 180м.) ва як пули мошингард бо дарозии 82 метр дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон тибқи лоиҳа 4 адад истгоҳ, дар мавзеи маҳалли аҳолинишин равшанкунонии роҳи мошингард ва сабзазоркунии атрофи он бо шинонидани дарахтони ороишӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ин лоиҳа 18 феврал дар машварати кории назди раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.








DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






