Рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 дар сатҳи 7,6 % пешбинӣ мешавад. Шарҳи АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2021 15:22

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мо бетаъсир намонд. Масъулони соҳа мегӯянд, ки пастшавии назарраси нархи молҳои содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беқурбшавии асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурии мо дар ин самт таъсиргузор будааст.

Вале зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот барои таъмини рушди иқтисодиёти мо мусоидат намуд.

Шарҳи шореҳи иқтисодии АМИТ “Ховар” Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2020 дар кишвар 142 корхонаи нави саноатӣ бо 2428 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30820,8 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 33607,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди онҳо мутаносибан 9,7 фоиз ва 8,8 фоизро ташкил дод.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ (26 январи соли 2021) иттилоъ доданд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (7,5 фоиз) 3 банди фоизӣ кам аст.

Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки таҳти таъсири омилҳои берунӣ соли 2020 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019-ум 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, воридот 5,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз  ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз     паст шуд.

Ба андешаи мусоҳиби мо, тамоюли зиёдшавии суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъди шашмоҳаи якуми соли 2020 ба назар расидааст. Агар суръати афзоиши ММД дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил дода бошад, пас он соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардида, 1 банди фоизӣ ё 944,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Инчунин вазъият дар баъзе соҳаҳои кишвар нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2020 беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар ҷамъбасти соли 2020 нисбат ба 6 моҳи соли 2020 суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 0,5 банди фоизӣ,  маҳсулоти кишоварзӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд шуд. Яъне тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш  мебошанд, зеро дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2020 эҳтимол ба 2,0 фоиз ба ҷои 4,5 фоиз баробар мешуд.

-Рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021  7,6% пешбинӣ гардидааст ва барои расидан ба он зарфияти дохилӣ имконпазир аст,-мегӯяд сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо С. Зайниддинзода.

Новобаста ба вазъияти мураккаби бамиёномада бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратии кишвар ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуда буд, гардиши савдои хориҷӣ соли 2020 тамоюли афзояндаро нигоҳ доштааст.

Сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “роҳандозӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар самти дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо вобаста ба воридоти ашёи хом ва раванди истеҳсолот, содагардонидани расмиёти савдо ба гардиши савдои хориҷӣ таъсирбахш буда, соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2019  34,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, содироти мол нисбат ба соли 2019  19,8 фоиз ё 232,5 млн. доллар афзоиш ва воридоти мол  дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 млн. доллар ё 5,9 фоиз коҳиш ёфт.

Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи орду гандум, равғани растанӣ ва чорво, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ бештар ба назар расидааст.

Аз ҷумла, соли 2020 воридоти гандум 999,2 ҳазор тонна бо арзиши умумии 243,2 млн. доллар ва воридоти равғани растанӣ 102 ҳазор тонна бо арзиши умумии 89,4 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст.

Дар иртибот ба боло рафтани арзиши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабли ард ва равған, ки соли 2020 ба вуҷуд омад, сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “бо мақсади  ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ кишварҳои ҷаҳон содироти молу маҳсулотро дар давраи паҳншавии пандемия маҳдуд карда, тадбирҳои ҳимоявӣ андешиданд, ки ин яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар кишварҳои воридоткунанда гардид”.

Аз ҷумла, нархи миёнаи воридотии гандум 39 доллар, орд 12 доллар ва  равғани растанӣ 46 доллар дар қиёс ба нархи миёнаи соли 2019 барои як тонна афзоиш ёфт.

Дар ин росто арзиши бархе маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ соли 2020 тағйир ёфта, нархи миёнаи содиротии алюминийи аввалия 222 доллар, нахи пахта 126 доллар ва маъданҳо 111 доллар барои як тонна нисбат ба соли 2019 коҳиш ёфт.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2021 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад