Рустам Ғаниев: Донишҷӯёни бартаридоштаи филиали ДДМ имкон доранд таҳсилро дар донишгоҳҳои шарик идома диҳанд

Февраль 17, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла такмили ихтисоси устодону донишҷӯён ва пажуҳишгоҳҳои пешрафта корҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Ин робитаҳо ба донишҷӯёни бартаридоштаи филиал имкон медиҳанд, ки таҳсилро дар донишгоҳҳои шарик идома диҳанд.

Дар ин бора имрӯз, 17 феврал директори филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2610 нафар довталабон ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе сабти ном шуданд. Аз шумораи умумии довталабоне, ки ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  мебошанд. “Аз 13 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки ба филиал ҳуҷҷат супоридаанд, 8 нафарашон дохил шуда, мустақиман ба Комиссияи қабули филиал муроҷиат карданд, зеро барои дар филиал супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳуқуқ доранд”,-афзуд Рустам Ғаниев.

Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки имтиҳоноти дохилшавӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда аз 3 то 14 июл ташкил карда шуданд, ки дар онҳо 82 довталаб  ширкат варзид. Тибқи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, дар соли таҳсили 2020-2021 ба курси якум 142 донишҷӯ қабул карда шуд, ки аз ҷумла 102 нафар тариқи буҷавӣ ва 40 нафар тариқи шартномавӣ дохил шуданд.

Февраль 17, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад