Саъдӣ Қодирзода: Дар Тоҷикистон 70 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамоянд

Февраль 16, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ карда мешаванд, ки маблағи умумии он қариб 40 миллиард сомонӣ-  муодил ба 3,53 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода  дар ҷараёни нишасти матбуотӣ имрӯз дар Душанбе гуфт, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода, обёрӣ ва дигар соҳаҳо мавриди амал қарор доранд, ки дар  доираи онҳо корҳо дар самти бунёди роҳу пулҳо, таҷдид  ва тармими сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмон, навсозию муҷаҳҳазгардонии мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ идома доранд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли сипаригардида Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар соли 2020 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе» ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои созишномаҳо 200 ҷойи нави корӣ дар мамлакат ташкил карда мешавад.

Инчунин зикр шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, ки дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ дар мамлакат таъсис дода мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 11 корхонаи бузурги истеҳсолӣ, аз қабили  корхонаҳои истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда, истихроҷ ва коркарди маъдан, истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ва таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе, истеҳсоли семент, гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот ва марказҳои тақсимоти яклухт пешбинӣ гардидааст.

Февраль 16, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд