Садоқатмандона ба Ватан хизмат менамоем, — ваъдаи сарбозон ба падару модарон зимни дидорбинӣ дар шаҳри Бӯстон
ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати мудофиа бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дидорбинии падару модарони сарбозон бо фарзандон ва шиносоии волидайн бо шароити хизмати онҳо доир гардид.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо ин мақсад беш аз 50 нафар падару модарон аз деҳоти гуногуни шаҳри Турсунзода таҳти роҳбаладии муовини раиси шаҳр Фахрия Бобоҷонзода барои дидорбинӣ ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сафар намуда, аз дидори фарзандон шод гардиданд.
Зимни дидорбинӣ сарбозон изҳор доштанд, ки ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, ба Ватани азизи хеш садоқатмандона хизмат менамоянд.
Волидони аскарон дар қисми низомии шаҳри Бӯстон бо шароити буду бош, ошхонаву хобгоҳ, утоқҳои хизмати маишӣ ва реҷаи хизматии сарбозон шинос шуда, ба Сарфармондеҳи Олии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат изҳори миннатдорӣ намуданд. Падару модарон иброз доштанд, ки «фарзандони мо дар шароити хуб, тинҷию амонӣ, сулҳу субот дар ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон қарор доранд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро менамоянд, ки мо аз он ифтихор менамоем».













15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






