Садоқатмандона ба Ватан хизмат менамоем, — ваъдаи сарбозон ба падару модарон зимни дидорбинӣ дар шаҳри Бӯстон

Февраль 23, 2021 10:13

ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати мудофиа  бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дидорбинии падару модарони сарбозон бо фарзандон ва шиносоии волидайн бо шароити хизмати онҳо доир гардид.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо ин мақсад беш аз 50 нафар падару модарон аз деҳоти гуногуни шаҳри Турсунзода таҳти роҳбаладии муовини раиси шаҳр Фахрия Бобоҷонзода барои дидорбинӣ ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сафар намуда, аз дидори фарзандон шод гардиданд.

Зимни дидорбинӣ сарбозон  изҳор доштанд, ки ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, ба Ватани азизи хеш  садоқатмандона хизмат менамоянд.

Волидони аскарон дар қисми низомии шаҳри Бӯстон бо шароити буду бош, ошхонаву хобгоҳ, утоқҳои хизмати маишӣ ва реҷаи хизматии сарбозон  шинос шуда, ба Сарфармондеҳи Олии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат изҳори миннатдорӣ намуданд. Падару модарон иброз доштанд, ки «фарзандони мо дар шароити хуб, тинҷию амонӣ, сулҳу субот дар ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон қарор доранд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро менамоянд, ки мо аз он ифтихор менамоем».

Февраль 23, 2021 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд