Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбари ВКХ Чин бо намояндагони дипломатии кишварҳои АвруОсиё ширкат варзид

Февраль 3, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо намояндагони дипломатии кишварҳои АвруОсиё дар Чин мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа». Дар вохӯрӣ  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоҳир Саидзода ширкат варзид.

Дар шароити тағйироти бесобиқаи азим ва пандемияи COVID-19 дар тӯли сад соли охир кишварҳо бояд қотеъона ҳамдигарро дастгирӣ кунанд ва тарафдори ҳамкории мутақобилан судманд бошанд, — зикр кард Ван И.

«Чин омода аст, ки имконоти бозори Чинро ҷиҳати ба даст овардани фоидаи мутақобила ва бурди умумӣ бо дигар кишварҳо тақсим кунад», — гуфт роҳбари ВКХ Чин.

Вай инчунин ба бунёди муштараки «Камарбанд ва роҳ» бо риояи сифати баланд ҷиҳати расидан ба шукуфоии умумӣ мутобиқи усули «машварати муштарак, бунёдкории муштарак ва истифодаи муштарак» даъват кард.

 АКС аз «Синхуа»

Февраль 3, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд