Тоҷиддин Ҷӯразода: Новобаста ба пандемия соли гузашта беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон боздид намуданд. Гуфта мешавад, ки аз 410,1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки соли гузашта ба Тоҷикистон омадаанд, тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, 350,6 ҳазор нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода 12 феврал дар ҷараёни нишасти хабарӣ, ки аз фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат дар соли 2020 натиҷагирӣ намуд, гуфт, ки “ин омор бозгӯи он аст, ки дар соли 2020 сафари шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 909,1 ҳазор нафар ё 69,0 фоиз ва ташрифи сайёҳони хориҷӣ 72, 2 фоиз ё 906,9 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст”.
Коҳиш ёфтани сатҳи сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, қабл аз ҳама, ба пандемияи COVID-19 рабт дода мешавад, ки бар асари ин бемории сироятии ҳамагир шурӯъ аз моҳи марти соли 2020 сарҳадҳои давлатӣ ва роҳҳои байналмилалии аксари кишварҳои ҷаҳон баста шуда, ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии мусофирон муввақатан қатъ гардид.
Дар нишаст гуфта шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2019-2022» ва «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ баргузор намуд.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, маблағҳои грантии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб гардидаанд.
Бо дахли фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат Тоҷиддин Ҷӯразода афзуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба 28 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, ки 14 адади он дар шаҳри Душанбе, 7 адад дар Бадахшон, 4 адад дар Суғд, 2-то дар Хатлон ва 1 ширкати сайёҳӣ дар дар ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар қиёс ба соли 2019 теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ 22 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади ироаи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мамлакат 188 меҳмонхона ва қариб 300 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъоляти густурдаи хизматрасониро ба меҳмонону сайёҳон ба роҳ мондаанд.








Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид






