Шеърҳои шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар китоби «Маҷмӯаи асарҳои шоирони бузурги ҷаҳон» ҷой дода шуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Маҷмӯаи асарҳои шоирони бузурги ҷаҳон» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз чоп баромад, ки дар он дар қатори намояндагони манотиқи гуногуни дунё чакидаҳои хомаи ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Итииҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим ҷой дода шудаанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин маҷмӯа тарҷумаи ҳол ва 9 шеъри Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби профессори Донишгоҳи Осиё, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Reading, Writing and Learning», сафири ИМА оид ба фарҳанги Чини Бузург «Inner Child International», муҳаррири адабии маҷаллаи байналмилалии «Муколамаи муосир» дар Македония Тсай Земин ба забони чинӣ тарҷума шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Чакидаҳои хомаи шоири меҳанпараст Абдуқаҳҳори Қосим то имрӯз ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, немисӣ, сербӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, полякӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антологияи (тазкираи) Нависандагони муосири Авруосиё 2019-2020, дар антологияи «Поэтикӣ», Садои шоирони ҷаҳон-2020 «Мексика», антологияи шоирон аз 103 давлати дунё – «Хотираҳо аз ҷашнвораи 30-юми байналмилалии шеъри «Меделлин» – Колумбия (Memorias del 30º Festival Internacional de Poesía de Medellín», антологияи «Гогёшии ҷаҳон», «World of Gogyoshi»- Япония, «Антологияи шоирони ҷаҳон»- Непал ва маҷаллаҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Чин, Россия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Полша, Руминия, Ҳиндустон ва ғайра инъикос гардидаанд.
Абдуқаҳҳори Қосим айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашнҳои 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони «Ғолибони барҷаста» («The Outstanding Winners») соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






