Шеърҳои шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар китоби «Маҷмӯаи асарҳои шоирони бузурги ҷаҳон» ҷой дода шуданд

Февраль 17, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Маҷмӯаи асарҳои шоирони бузурги ҷаҳон» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз чоп баромад, ки дар он дар қатори намояндагони манотиқи гуногуни дунё чакидаҳои хомаи ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Итииҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим ҷой дода шудаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин маҷмӯа тарҷумаи ҳол ва 9 шеъри Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби профессори Донишгоҳи Осиё, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Reading, Writing and Learning», сафири ИМА оид ба фарҳанги Чини Бузург «Inner Child International», муҳаррири адабии маҷаллаи байналмилалии «Муколамаи муосир» дар Македония Тсай Земин ба забони чинӣ тарҷума шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Чакидаҳои хомаи шоири меҳанпараст Абдуқаҳҳори Қосим то имрӯз ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, немисӣ, сербӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, полякӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антологияи (тазкираи) Нависандагони муосири Авруосиё 2019-2020, дар антологияи «Поэтикӣ», Садои шоирони ҷаҳон-2020 «Мексика», антологияи шоирон аз 103 давлати дунё – «Хотираҳо аз ҷашнвораи 30-юми байналмилалии шеъри «Меделлин» – Колумбия (Memorias del 30º Festival Internacional de Poesía de Medellín», антологияи «Гогёшии ҷаҳон», «World of Gogyoshi»- Япония, «Антологияи шоирони ҷаҳон»- Непал ва маҷаллаҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Чин, Россия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Полша, Руминия, Ҳиндустон ва ғайра инъикос гардидаанд.

Абдуқаҳҳори Қосим айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашнҳои 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони «Ғолибони барҷаста» («The Outstanding Winners») соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.

Февраль 17, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд