Соҳибкорони Рашт ба 8 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои тамоми шароит бунёд намуданд

Февраль 1, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  ва шахсони саховатпеша  ба 3911 оилаи камбизоату эҳтиёҷманд,  шахсони маъюб,  яккаву  танҳо ва дигар ниёзмандон  барои анҷом додани  корҳои ободонии манзили зисташон аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ва шахсони саховатпеша ба маблағи 2597,5 ҳазор сомонӣ (аз 500 то 1000 сомонӣ ба ҳар оила) ёрӣ расонда шуд. Ба 8 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои тамоми шароитҳои замонавӣ сохтанд. 

Сокини ноҳияи Рашт  Моҳрухсор Бедимоғова аз ҷумлаи он нафаронест, ки бо манзили зисти замонавӣ  таъмин гардид. Номбурда  изҳор намуд, ки: «ман як духтари 13 — солаи маъюб дорам, ки ба нигоҳубини ҳамешагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз сабаби надоштани шароити зиндагӣ дар кӯҳистон   ба мушкилии зиёд гирифтор будем. Хушбахтона, аз ҳисоби маблағгузории соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов  ва фарзандонаш дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои духтари маъюби ман хонаи замонавӣ сохта, дар арафаи Рӯзи Президенти хирадманди мамлакатамон ба мо ҳадя намуданд. Ин туҳфаро мо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қабул намудем”.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, соҳибкорон ва аҳолии банангу номуси ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас  мегузоранд. Аз ҷумла,  давоми солҳои 2018-2019  аз ҷониби онҳо 71 километр роҳҳои  мошингарди  ноҳия асфалтпӯш шуд. Инчунин, тӯли солҳои 2019-2020 аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ 9 бинои нави таълимӣ, 12 синфхонаи иловагӣ, 2 беморхонаи хусусӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 4 китобхона, 4 толор ва 12 майдончаи варзишии замонавӣ, 14 чоҳи амудӣ ва 8 хати оби нӯшоӣ, 12 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ, 4 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 21 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ  таҳия гардида, тибқи он бунёди  274 иншоот пешбинӣ шуда буд. Ба нақшаи мазкур боз 60 иншоот илова гардид, ки то ҷашни фархунда пурра ба истифода дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ  таъкид намуданд, ки «соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».

Февраль 1, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд