Сокинони деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсони саховатпеша сокинони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар деҳаи мазкур як насоси обтаъминкунӣ васл гардида, 22 нуқтаи оби ошомиданӣ кашонида шуд.
Тавре аз Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони деҳаҳои Зиракӣ ва Офтоблиқо аз ин иқдоми шоистаи шахсони эҳсонкор хушнуд гардида, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
«Обу ободонӣ мегӯянд, ки дар ҳақиқат дуруст аст. Бо оби ошомиданӣ таъмин гардидани сокинони деҳа орзуи чандинсолаи аҳолии ин маҳал буд. Акнун ин мушкили мо осон гардид ва он барои баланд гардидани сатҳи зиндагиамон мусоидат менамояд»,- изҳор доштанд сокинони ин деҳа.
Сокинони деҳаи мазкур ҳамчунин зикр намуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ онҳо низ камари ҳиммат баста, ба корҳои ободонию созандагӣ машғуланд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд «Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».










Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






