Соли 2020 муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ нисбат ба соли пеш 76 фоиз кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони мамлакат соли 2020 аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбат ба соли пеш 76 фоиз кам аст. Аз ин ҳисоб 117 912 нафари онҳо ба Федератсияи Россия ва 4 574 нафарашон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтаанд. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан дар давраи ҳисоботӣ 90 333 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 фоиз кам мебошад. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки дар ин давра бо дахолату корбари мақомоти дахлдори Тоҷикистон 18 млн 27 ҳазору 114 рубл музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоёни Россия баргардонида шуда, 21 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Илова бар ин, дар ин давра 2 426 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Россия таъмин гардида, аз ҷониби кормандони намояндагии Хадамоти муҳочирати кишварамон бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 191 вохўриву суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамчунин бо мақсади муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии сиёсати давлатии муҳоҷират дар асоси фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 21 июли соли 2020 Гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ сохтори Стратегияи миллии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030-ро таҳия намуда, ҷиҳати такмили он коршиносони байналмилалӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки бо мақсади истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби вазорат омода намудани лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ бо якчанд давлатҳо дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019 ба тасвиб расидааст, аз ҳисоби мутахассисони сохторҳои дахлдори тарафҳо гурўҳи кории муштарак ташкил ва барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид.
Ширин Амонзода иброз намуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 19 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатнома оид ба интиқоли қувваи кории Хадамоти муҳоҷират буда, 9 субъекти хоҷагидор фаъолиятро ба роҳ монда, аз ҷониби онҳо 1071 нафар муҳоҷири меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бо кор таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, то басташавии сарҳадҳо вабаста ба пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” 328 нафар, аз ҷумла, 266 нафар дар Федератсияи Россия, 23 нафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва 39 нафар дар Ҷумҳурии Полша бо кор таъмин карда шуданд.
Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 301 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 318 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда, қарзҳои имтиёзнок ва кумаки якдафъаина ба ҳар хонавода расонида шуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ “Ховар”








Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид






