Соли 2020 новобаста аз таъсири пандемия рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардид,-бардошт аз нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз паҳншавӣ ва таъсири манфии пандемияи коронавируси КОВИД-19 ба иқтисодиёти вилоят дар натиҷаи корбарии дуруст ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардид.
Ин нукта зимни нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки 16 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, баён гардид.
Зикр шуд, ки соли гузашта барои мубориза бар зидди коронавирус ғайр аз маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — 24 миллион сомонӣ, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 20 миллион сомонӣ ҷудогардида, инчунин дар маркази вилоят Фонди махсуси хайриявӣ низ таъсис ёфта буд, ки дар хазинаи он зиёда аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардид. Ин маблағ асосан барои дастгирии муассисаҳои тиббии вилоят, хариди таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ва дорувориҳои зарурӣ барои табобати беморони пневмония ва коронавирус равона гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Дадобоев, раиси вилоят ҳамзамон доир ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2020 гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ баробар гашта, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.
Ҳамзамон илова гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагириҳо мусбат буда, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 10 миллиарду 821,0 миллион сомонӣ ё баробари 110,5 фоиз таъмин гардида, аз ҷумла, ба маблағи 14,8 миллион доллари амрикоӣ 95 783 тонна маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020 ба 1 миллиарду 667,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.
Дар интиҳои нишаст Р.Аҳмадзода зикр дошт, ки “ имрӯзҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои бунёду навсозӣ ва таъмиру тармим бо суръат идома дошта, тибқи нақша дар вилоят аз 7190 иншооти ҷашнии пешбинӣ гардида то ин давра 5990 иншоот, аз ҷумла, соли 2020 — 1972 иншоот ба истифода дода шуданд, ки ин ба 83,3 фоизи нақшаи умумӣ баробар аст. Аз ҷумла, аз 300 корхонаи саноатии бо 9000 ҷойи нави кории ба нақша гирифташуда танҳо соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаи нав бо 1570 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд”.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодии Тоҷикистон 2018 парванда баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши Шурои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ иштирок намуд
Дар Душанбе даври омӯзишии минтақавӣ оид ба танзими бархӯрди манфиатҳо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавсеа меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба 27,8 ҳазор муштарӣ 1,2 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 37 ташкилоти минтақавии бақайдгирӣ харитаҳои кадастрӣ ҷорӣ карда шудаанд
Моҳи август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Дар Намоишгоҳи иқтисодии «Янлин» гӯшаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ташкил гардид
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад






