Соли 2021 ҳайати нави ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо интихоб мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 барои кормандони ҳамаи шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ соли махсус аст, зеро соли равон конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ва интихоби ҳайати нави ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Ин нукта 25 феврал зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов гуфта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят иброз намуд, ки соли 2020 дар вилояти Хатлон нашрияи «Ваҳдатсаро» таъсис дода шуд, ки он ба минбари аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят тадбил ёфтааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки вилояти Хатлон зодгоҳи ҳазорҳо шахсияти шоистаест, ки ному фаъолияташон даҳсолаҳо боз ибрати наслҳо буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзанд. Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон заҳматҳои бисёрсола ва бенуқсони ҳамаи бузургонро дар корзори меҳнат, чун пирони кор, ходимони намоёни ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳибиззат ва корозмуда хуб мешиносанд ва қадр мекунанд.
Собиқадорони ҷангу меҳнат чун шахсони бедордили ҷомеа, бо эҳсоси баланди башардӯстӣ доим мардумро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, гуфтугӯи мусолиматомези тамаддунҳо ҳидоят менамоянд. Онҳо ва фарзандону шогирдони бешуморашон имрӯз ҳам дар баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар мегардонед ва онро тақвият мебахшанд.
Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали давлатдори миллӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва чеҳраҳое, ки дар рушду такомули соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоштаанд, бо эътимоду боварӣ такя намуда, онҳоро мактаби тарбияи насли ҷавони ҷомеа унвон кардаанд.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идора, муассисаву корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва соҳибкорону тоҷирон вазифадор карда шудаанд, ки дар арафаи иду ҷашнҳо дар баробари ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, табақаи ниёзманди аҳолӣ, ҳамватанони бемору барҷомонда дар ҷумҳурӣ кумак намудан, ба собиқадорони ҷангу меҳнат низ кумакҳои моддӣ расонанд ва ин амали хайру савоб дар вилоят хуб ба роҳ монда шудааст.








6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло






