ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2021 аст
18 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
110 сол муқаддам, 18 феврали соли 1911 бар асари заминҷунбӣ дар нуқтаи марказии дарёи Мурғоб (дар Тоҷикистон), дар рӯ ба рӯи деҳаи Усой кӯҳпораҳои зиёде пеши дарёро гирифта, сарбанд ташкил карданд, ки дар натиҷа кӯли калоне пайдо шуда, деҳаи Сарез зери об монд. Аз ин сабаб он ҳоло дар ҷаҳон ҳамчун кӯли Сарез машҳур аст.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
18 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Гамбия — Рӯзи истиқлол.
***
Дар Исландия – Рӯзи занон.
РӮЙДОДҲО:
18 феврали соли 2007 дар вилояти Суғд фестивал-озмуни «Таронаи русӣ» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид.
***
18 феврали соли 2019 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»- ро қабул намуданд.
***
145 сол муқаддам, 18 феврали соли 1876 миёни Британияи Кабир ва Зеландияи Нав алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.
***
18 феврали соли 1952 Туркия ва Юнон ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамроҳ шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 дар Ҳиндустон ширкати маҳаллӣ — мобилии «Ringing Bels» арзонтарин смартфон дар ҷаҳонро ба фурӯш баровард, ки 3,6 доллари ИМА арзиш дошт.