ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, ҷумъа, 50-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 19, 2021 08:00

19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа аз ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

***

3 сол пеш, 19 феврали соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев доираи васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дурнамои рушди онро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.

***

11 сол пеш, 19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар  мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин кишвар дар шаҳри Минск соҳиби медали тиллоӣ гардид.

19 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Канада – Рӯзи оила.

 РӮЙДОДҲО:

19 феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  www.mfa.tj  рӯнамоӣ карда шуд.

***

11 сол пеш, 9 феврали соли 2010 дастаи  мунтахаби  футболбозони  Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми  даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи  мунтахаби  Бангладеш  қувваозмоӣ  карда,  бо  ҳисоби  3:1 ғалаба  ба  даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1878 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.

***

19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Россия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Душанбе масъалаи ба муассисаҳои таҳсилотии олии Федератсияи Россия тибқи квота дохил шудани ҷавонони тоҷик баррасӣ гардид.

***

Соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии америкоӣ — American Music Award баргузор гардид.

Февраль 19, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш