ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, чоршанбе, 34-умин рӯзи соли 2021 аст
3 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.
***
4 сол пеш, 3 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда, вобаста ба бориши рӯзҳои охир (соли 2017) ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имконият истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.
3 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ.
***
Дар Ветнам — солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ.
***
Дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон.
РӮЙДОДҲО:
3 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов ба собиқадорони муҳосираи Ленинград, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар вазъияти тантанавӣ медалҳои ҷашнии «65 — солагии озодкунии Ленинград аз муҳосираи фашистӣ»-ро супорид.
***
4 сол пеш, 3 феврали соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Непал баррасӣ карда шуд.
***
49 сол муқаддам, 3 феврали соли 1972 дар шаҳри Саппорои Япония бозиҳои XI зимистона оғоз гардида, 13 январ ба анҷом расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1976 пойтахти Мозамбик аз Лоуренсу Маркеш ба Мапуту тағйири ном кард.
***
3 феврали соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои «Boeing 737» ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ роҳандозӣ намуд.